ТАЛКО ширкати нақлиёти автомобилии худро ташкил мекунад

Вазъи мавҷуда тайи чанд соли ахир дар мавриди транзити бор тариқи роҳи оҳани кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО)-ро маҷбур месозад, ки роҳу воситаҳои гуногуни боррасонӣ ба хориҷи кишварро ҷустуҷӯ намояд. Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, ин омил ба фаъолияти корхона таъсири зиёд дошта, ҷиҳати ҳалли масъала онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазъи мавҷуда тайи чанд соли ахир дар мавриди транзити бор тариқи роҳи оҳани кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО)-ро маҷбур месозад, ки роҳу воситаҳои гуногуни боррасонӣ ба хориҷи кишварро ҷустуҷӯ намояд.

Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, ин омил ба фаъолияти корхона таъсири зиёд дошта, ҷиҳати ҳалли масъала онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ шурӯъ кунанд. «Агар соли 2011 мо тариқи нақлиёти автомобилӣ ҳамагӣ 1,5 ҳазор тонна алюминийро ҳамлу нақл карда бошем, пас соли равон ин нишондиҳанда ба 120 ҳазор тонна расид», – гуфтанд дар ТАЛКО.

Дар ширкат мегӯянд, айни замон онҳо бо бонкҳо ва ширкатҳои лизингӣ ҳамкорӣ доранд, то ки ширкати нақлиётии худро таъсис дода, он ба кашонидани маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар машғул шавад.

«Роҳи пурсамари баромадан ба баҳр самти Эрон буда, Бандар-Аббос нисбати воситаҳои гурҷиву озарбойҷонӣ ва русиягӣ пурсамартар аст, вале бинобар сабаби таҳримҳои нисбати Эрон ҷоришуда, шарикони мо қотеъона аз Бандар-Аббос маҳсулот хариданӣ нестанд ва аз ин рӯ, тавассути ин хатсайр корҳо қатъ шуданд», – таъкид медоранд мақомоти раҳбарии ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ширкат масъалаи ҳамлу нақли маҳсулот тариқи Чин (Қошғар) ва Покистон (Қарачӣ)-ро мавриди ҳаллу фасл қарор додааст.

«Ҳукумати Тоҷикистон феълан масоили марбут ба имзои созишномаи сеҷониба бо Покистон ва Афғонистонро дар ин самт ҳал мекунад ва дар сурати ба имзо расидани ин санад, мо аз вобастагӣ ба Ӯзбекистон, ки бо воситаҳои сиёсӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузоштанианд, раҳоӣ меёбем», – афзуданд дар ширкат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.