Суғд: Ҳукми 10,5 соли зиндон ба узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ»

Дар вилояти Суғд як узви ҳаракати фаъоияташ мамнуъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Х.И. ба 10,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, маҳкумшударо кормандони прокуратура ба гумони узвият дар ин ҳаракат моҳи июли соли равон боздошт намуда буданд. «Ӯ мутобиқи моддаҳои 185 (Ташкили […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд як узви ҳаракати фаъоияташ мамнуъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Х.И. ба 10,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, маҳкумшударо кормандони прокуратура ба гумони узвият дар ин ҳаракат моҳи июли соли равон боздошт намуда буданд.

«Ӯ мутобиқи моддаҳои 185 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 187 (. Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш). 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят),  306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор дониста шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки алҳол ҳукм мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он метавон ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шуъбаи тоҷикистонии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, аз ҷониби «Ал-Қоида» маблағгузорӣ мешавад.

Моҳи майи соли равон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳор дошта буд, ки аъзои ин гурӯҳ ба ҳодисаҳои Рашт дар моҳи сентябри соли 2010, содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд ва ҳамчунин кӯшишоти содир кардани як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе даст доранд.

Ҳамчунин моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки фаъолияти гуруҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Зикр гардида буд, ин қарор бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти кишвар қабул шудааст.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2012 фаъолияти созмону гурӯҳҳои «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати Толибон, ҲИӮ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра дар маҷмӯъ 12 гурӯҳ ҳамчун созмонҳои ифротгаро ва террористӣ мамнӯъ эълон шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.