Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби будубош дар кишвар нисбати 116 нафар шаҳрвандони Покистон санади ҳуқӯквайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 76 нафар шаҳрвандони Покистон барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон аз кишвар хориҷ карда шудаанд.
Манбаъ хотиррасон намуд, ки дар ин давра ҳамчунин нисбати 767 нафар шаҳрвандони хориҷӣ санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 177 санад зиёдтар аст.
«Тӯли 11 моҳи соли равон бо қарори судҳои дахлдор 438 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави кишвар истирдод карда шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74 нафар бештар мебошад», – афзуд сарчашмаи хабар.



