Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок

Дар ҷараёни ҷаласаи XII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки 13 декабри соли равон баргузор гардид, барои рушду нумуи бозори такрории коғазҳои қиматнок ба Бонки миллии Тоҷикистон супориши мушаххас дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҷиҳати иҷрои супориши мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби вазоратҳои адлия, молия, […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни ҷаласаи XII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки 13 декабри соли равон баргузор гардид, барои рушду нумуи бозори такрории коғазҳои қиматнок ба Бонки миллии Тоҷикистон супориши мушаххас дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҷиҳати иҷрои супориши мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Гуруҳи корӣ таъсис додааст.

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ чанбаҳои асосӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи бозори такрории коғазҳои қиматнокро ҳамаҷониба таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.