Ҷабрдидагони садама бо иштироки Расул Амонулло баёнот доданро рад карданд

Ҷабрдидагони садамаи нақлиёт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, писари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баёнот додан муқобили ӯро рад карданд, вале сарфи назар аз ин, ВКД тафтиши парвандаи ҷиноии мазкурро, ки дар он сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов низ ҳузур дорад, идома медиҳад. Азиза Рӯзиеваи 20-сола ҳарчанд аз садама осеби зиёд дидааст, аз шикоят нисбати […]

ASIA-Plus


Ҷабрдидагони садамаи нақлиёт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, писари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баёнот додан муқобили ӯро рад карданд, вале сарфи назар аз ин, ВКД тафтиши парвандаи ҷиноии мазкурро, ки дар он сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов низ ҳузур дорад, идома медиҳад.

Азиза Рӯзиеваи 20-сола ҳарчанд аз садама осеби зиёд дидааст, аз шикоят нисбати Расули Амонулло даст кашидааст. Ин духтар аллакай ду ҷарроҳиро паси сар намуда, пас аз як сол ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст. Айни замон Азиза дар хона қарор дошта, бистарӣ аст.

Ба гуфтаи ҷабрдида, ӯ барои он аз баёнот додан муқобили Расули Амонулло даст кашидааст, ки умедвор аст онҳо маблағи ҷарроҳии сеюмро ҳам пардохт намуда, дар ниҳояти кор ӯ бо пойи худ равон мешавад.

Модари ҷабрдида мегӯяд, барои муолиҷаи духтарашон онҳо беш аз 2 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтаанд. «Имрӯз мо барои муоина ба бемористон омадем, ва маблағи он зиёд буда, аз ин рӯ, қарор кардем, ки кумаки падари Расули Амонуллоро бипазирем», – шарҳ медиҳад ӯ.

Азизаи ҷабрдида ҳамчунин илова кард, ки ҳеҷ шикояте надорад ва танҳо умедвор аст, ки иштирокчиёни садамаҳои нақлиёт дигар ба мардум зарар намерасонанд.

Ба ҷабрдидаи дигари садама донишҷӯи соли 5-уми Донигоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Шокир Маҳкамов лозим омад, ки аз супурдани имтиҳоноти нимсола даст кашад, зеро пас аз садама вазъи солимиаш он қадр хуб нест. Ӯ се ҷарроҳиро паси сар намуда, боз баъди 1-2 соли дигар ҷарроҳии дигар ӯро дар пеш аст, вале аз болои иштирокчии 16-солаи садамаи нақлиёт шикоят бурданӣ нест.

«Муҳим он аст, ки падари Расул ба мо кумак мекунад. Ман ду маротиба ба Амонулло Ҳукуматулло муроҷиат кардам ва ӯ табибонро ба хонаи мо фиристода, маблағи се ҷарроҳиро пардохт намуд. Айни замон ман ҳеҷ ҷое кор намекунам ва тавони пардохти хизматгузориҳои тиббиро надорам», – гуфт ӯ.

Шокир ҳамчунин илова намуд, ки айни замон худро хеле хуб ҳис мекунад, вале бо пойи чапаш умуман ҳаракат карда наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки дар садамаи нақлиёти шаби 9-уми октябри соли равон бо иштироки Расул Амонулло се нафар – Аловуддин Саидов, Сурайё Исмоилова ва Ӯктам Мансуров ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардоштанд.

Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.