Муроҷиати журналистон ба ВКД расонида шуд

Шикоят оид ба амали кормандони милиса нисбати наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров ба мақомоти Прокуратураи генералӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳия ирсол шуд. Ҳамчунин муроҷиати як гурӯҳ журналистон бо талаби мулоқот бо Абдураҳим Шукуров ба ВКД расонида шуд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад. А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди […]

ASIA-Plus


Шикоят оид ба амали кормандони милиса нисбати наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров ба мақомоти Прокуратураи генералӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳия ирсол шуд. Ҳамчунин муроҷиати як гурӯҳ журналистон бо талаби мулоқот бо Абдураҳим Шукуров ба ВКД расонида шуд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад.

А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳукми Зайд Саидов бароварда мешуд, дастгир гаштааст.

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд. Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” баён доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро барои ҳафт шабонарӯз ҳабс намоянд: “Мақомот метавонад, танҳо ба муҳлати 3 шабонарӯз барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандро бе қарори додгоҳ боздошт намояду бас”.

Дар дафтархонаи умумии Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки парвандаи Абдураҳим Шукуров ба ин додгоҳ ворид нагардидааст.

Барои ҳалли қазияи боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва лату кӯби журналисти ожонсии хабарии “Озодагон” як гурӯҳи ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ ҷиҳати мулоқот бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат намуданд. Муроҷиатнома аз ҷониби як қатор ВАО, ТҒД ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон имзо шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.