Парвандаи З.Саидовро Шӯрои сиёсии ҲНИТ сиёсӣ унвон кард

Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии вазъияти сиёсии ахири кишвар, бахусус содир шудани ҳукми ноодилонаву золимонаи додгоҳ нисбат ба соҳибкор ва роҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидов ва боздошту латукӯби наворбардори хабаргузории “Озодагон”,  Абдураҳим Шукуровро поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дониста, ин амалҳоро шадидан маҳкум менамояд. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии вазъияти сиёсии ахири кишвар, бахусус содир шудани ҳукми ноодилонаву золимонаи додгоҳ нисбат ба соҳибкор ва роҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидов ва боздошту латукӯби наворбардори хабаргузории “Озодагон”,  Абдураҳим Шукуровро поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дониста, ин амалҳоро шадидан маҳкум менамояд.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки пӯшида нест, ки бо ошкор шудани сунъиву сохта будани далелҳо ва иттиҳомот, хусусияти сиёсӣ доштани парвандаи мазкур ба ҳамагон маълум гашт.

«Тибқи гуфтаи ҳимоятгарони парванда баргузории ҷаласаҳои додгоҳ нисбат ба Зайд Саидов аз оғоз таҳти назорат ва дахолати Агентии давлатии мубориза бар зидди фасоди кишвар баргузор мегардид. Бидуни эҳтиром кардани мақом ва ҷойгоҳи мустақили додгоҳҳо ин мақоми давлатӣ тибқи майлу хоҳиши худ барои муҷрим донистани Зайд Саидов – шоҳидон, далелҳо ва ҳатто ҷабрдидаҳоро иваз менамуд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома зикр мегардад: «Бо вуҷуди ин, изҳори умедворӣ карда мешуд, ки шояд додгоҳ далелҳо ва талоши гурӯҳи ҳимоятгарони парвандаи мазкурро ба инобат хоҳад гирифт. Вале додгоҳ на танҳо далелҳоро ба инобат нагирифт, балки ҳукми золимонае нисбат ба касе содир кард, ки барои пешрафту рушди кишвар хидматҳо намуда, бо ордени “Шараф”-и дараҷаи 1 мукофотонида шудааст».

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо маҳкум кардани ин гуна амал ва кирдорҳои берун аз чорчӯбаи қонун аз Додгоҳи олӣ, Ҳукумат ва бахусус мақомоти умури дохила қотеъона талаб менамояд, ки барои таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянд. Даъвату боз кардани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбат ба афроди фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон на танҳо вазъи дохилии кишварро ноором месозад, балки ба имиҷ ва обрӯву ҳайсияти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Гуфта мешавад, ҳамчунон Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Ҳукумати ҶТ тақозо менамояд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди риояи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои бунёди ҷомеаи демократӣ иҷро намояд. Дар зимн аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки нисбат ба қазияи Зайд Саидов бетараф набошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.