Иттилоияи Прокуратураи генералӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки рӯзи 25-уми декабр аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, иттилоияи расмӣ интишор намуд. Дар иттилоия зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов Зайд Шерович бо моддаҳои 319 қисми 4 банди «г», 247 қисми 4 банди «б», […]

ASIA-Plus


Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки рӯзи 25-уми декабр аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, иттилоияи расмӣ интишор намуд.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов Зайд Шерович бо моддаҳои 319 қисми 4 банди «г», 247 қисми 4 банди «б», 138 қисми 3 банди «а», 131 қисми 3 банди «б» ва 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши пешакии он аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст, 28 августи соли 2013 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда буд.

Дар идома зикр мегардад: «Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов Зайд Шерович аз 12 сентябр то 25 декабри соли 2013 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид. Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2013 Саидов Зайд Шерович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 қисми 4 банди «г» (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138 қисми 3 банди «а» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131 қисми 3 банди «б» (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуд».

Гуфта мешавад, бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйингардида ба Саидов Зайд Шерович ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки мутобиқи моддаҳои 51 ва 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...