Боздиди нахуствазир аз мактаб-интернати ноҳияи Ёвон


Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо шароити зист ва таҳсили тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии ин мактаб-интернат ширкат варзида, ба 203 нафар тарбиятгирандагони он сарулибоси зимистона, туҳфаҳои хотиравӣ ва се адад компютер тақдим намуд.

«Дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Ёвон нахуствазири ҷумҳурӣ ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва ҷараёни истеҳсолотӣ дар корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғайр семент» низ шинос шуд», – афзуд манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное