Супориши Раҳмон ҷиҳати кумак ба тоҷикони осебдида аз таркиш дар Волгоград

Нимаи дуюми рӯзи 30-юми декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он муовинони аввал ва муовинони нави роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд. Сипас Нақшаи кори […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 30-юми декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он муовинони аввал ва муовинони нави роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.

Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2014 ва Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 тасдиқ гардид.

Сипас Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” қабул карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, ки қадами навбатӣ ва басо муҳим барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар аст, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаҳои як зумра қонунҳои дигар низ пешниҳод гардид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаро дар назар доранд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” ва “Дар бораи мониторинги экологӣ” пешниҳод гардид.

Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 қабул карда шуд. Тибқи он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки то 20 сентябри соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” ва Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2016 ва 2017 таҳия намуда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 ва 2015, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019 тасдиқ карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон 116,33 га замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолии ниёзманд ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ба роҳбарони сохторҳои масъул, ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба наздикону пайвандони ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари амали террористӣ дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия яке ҳалок гардида, дувумӣ сахт маҷруҳ шудааст, дасти кумак дароз намоянд. Таъкид гардид, ки рафти тафтишоти қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Шоҳҷон Раҳматшоев, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия рух дода буд, мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дода шавад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишварро бо арафаи соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, таъкид бар он дошт, ки ҳангоми истиқбол аз он бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои нохуш риоя карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.