Боздиди нахуствазир аз мактаб-интернати ноҳияи Ёвон

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо шароити зист ва таҳсили тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии ин мактаб-интернат ширкат варзида, ба 203 нафар тарбиятгирандагони он […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо шароити зист ва таҳсили тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар чорабинии идонаи солинавии ин мактаб-интернат ширкат варзида, ба 203 нафар тарбиятгирандагони он сарулибоси зимистона, туҳфаҳои хотиравӣ ва се адад компютер тақдим намуд.

«Дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Ёвон нахуствазири ҷумҳурӣ ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва ҷараёни истеҳсолотӣ дар корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғайр семент» низ шинос шуд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.