Бозии футбол дар Маскав ба дастгирии Зайд Саидов


Наздики 100 тан аз фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 5-уми январ дар маҷмааи варзишии «Москва» барои дастгирии ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов як аксия доир намуданд.

Раиси Иттифоқ Иззат Амон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолони як бозии футбол баргузор намуда, бо ин амал ба ҳукуматдорон расониданианд, ки «тамоми мазҳакаи аз ҷониби як гурӯҳ алайҳи Зайд Саидов ва ширкатҳои ӯ ташкилшуда андешаи мардумро нисбати худи ӯ тағйир надодаанд».

«Охир ҳама ба хубӣ медонанд, ки Зайд Саидов кист. Ҳазорон афроде, ки ӯ ба онҳо дасти ёрӣ дароз намудааст, ҳеҷ гоҳ номи неки ӯро фаромӯш нахоҳанд кард», – гуфт Иззат Амон ва таъкид сохт, ки ин иқдом ба он хотир дар Тоҷикистон сурат нагирифт, ки дар он ҷо «он ҳаётан хатарнок аст».

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки онҳо дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ як гирдиҳамоие созмон доданианд ва дар ин бора ба мақомоти дахлдор муроҷиат ҳам кардаанд, вале бинобар сабаби таътили солинавӣ, шаҳрдории Маскав посухро ба таъхир андохтааст.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкори шинохта Зайд Саидов

ба 26 соли зиндони

низомаш шадид  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шуд.

Зайд Саидов аз рӯйи

панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ

– 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шудааст. Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

spot_imgspot_img

Популярное