Кумаки ХМ ба муҳоҷири раштӣ дар дастрасии музди меҳнат

Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия музди меҳнати таъхирафтодаи муҳоҷири меҳнатӣ Сангинмурод Набиеви 31-сола, зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 320 ҳазор рубли русӣ баргардонида шуд. Бино ба иттилои котиби матбуотии Намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов, бо дархости кӯмак дар ҳалли мушкили напардохтани дастмуздаш муҳочири тоҷик як […]

ASIA-Plus


Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия музди меҳнати таъхирафтодаи муҳоҷири меҳнатӣ Сангинмурод Набиеви 31-сола, зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 320 ҳазор рубли русӣ баргардонида шуд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов, бо дархости кӯмак дар ҳалли мушкили напардохтани дастмуздаш муҳочири тоҷик як моҳ қабл муроҷиат карда буд. Дар аризаи С.Набиев гуфта мешуд, ки соли гузашта ӯ дар асоси шартномаи шифоӣ бо сокини ш.Новосибирск Галина Королева хона бунёд мекард. Ҳаҷми корҳои сохтмони бо ризоияти тарафҳо ба 420 ҳазор рубли русӣ муқаррар карда шуд.

Корҳои сохтмон аз 20 майи 2013 шурӯъ шуда, 30 октябр анҷом ёфтанд. Дар ин муддат хонум Г.Королева танҳо 100 ҳазор аз маблағи таъйиншударо пардохт карду халос. Боқимондаро ваъда дод, ки пас аз анҷоми корҳо медиҳад. Аммо ваъдаи пардохт ду моҳ ба таъхир афтод. Корфармо бо ҳар баҳона мӯҳлати додани дастмузди муҳоҷири тоҷикро ба баъд мепартофт.

Аммо танҳо баъд аз дахолати корманди Намояндагӣ ва сӯҳбатҳои чандинкарата боис шуд, ки хонум Королева ба сохтмончии тоҷик музди меҳнаташро баргардонад.

Ба гуфтаи Аҳмадов, тайи ду соли ахир бо мусоидати Намояндагӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷониби корфармоҳои русиягӣ дар маҷмӯъ беш аз 23 млн. рубли русии музди меҳнати таъхирафтодаашон баргардонида шуд.

Котиби матбуотии Намояндагӣ бо таассуф зикр кард, ки муҳоҷирони кории тоҷик бо чунин масъала бисёр ба онҳо муроҷиат мекунанд ва сабаби аслиии ба ин ҳолат дучор омадани онҳо дар он аст, ки қариб дар ҳама ҳолатҳо аз рӯи қонун миёни корфармо ва коргар қарордоди меҳнатӣ ба имзо намерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.