Бозии футбол дар Маскав ба дастгирии Зайд Саидов

Наздики 100 тан аз фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 5-уми январ дар маҷмааи варзишии «Москва» барои дастгирии ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов як аксия доир намуданд. Раиси Иттифоқ Иззат Амон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолони як бозии футбол баргузор намуда, бо ин амал ба ҳукуматдорон расониданианд, […]

ASIA-Plus


Наздики 100 тан аз фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 5-уми январ дар маҷмааи варзишии «Москва» барои дастгирии ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов як аксия доир намуданд.

Раиси Иттифоқ Иззат Амон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолони як бозии футбол баргузор намуда, бо ин амал ба ҳукуматдорон расониданианд, ки «тамоми мазҳакаи аз ҷониби як гурӯҳ алайҳи Зайд Саидов ва ширкатҳои ӯ ташкилшуда андешаи мардумро нисбати худи ӯ тағйир надодаанд».

«Охир ҳама ба хубӣ медонанд, ки Зайд Саидов кист. Ҳазорон афроде, ки ӯ ба онҳо дасти ёрӣ дароз намудааст, ҳеҷ гоҳ номи неки ӯро фаромӯш нахоҳанд кард», – гуфт Иззат Амон ва таъкид сохт, ки ин иқдом ба он хотир дар Тоҷикистон сурат нагирифт, ки дар он ҷо «он ҳаётан хатарнок аст».

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки онҳо дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ як гирдиҳамоие созмон доданианд ва дар ин бора ба мақомоти дахлдор муроҷиат ҳам кардаанд, вале бинобар сабаби таътили солинавӣ, шаҳрдории Маскав посухро ба таъхир андохтааст.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкори шинохта Зайд Саидов

ба 26 соли зиндони

низомаш шадид  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шуд.

Зайд Саидов аз рӯйи

панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ

– 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шудааст. Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.