Ҷилавгирии Ӯзбекистон аз транзити 20 мошини аз Аврупо дуздида ба Тоҷикистон

Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон аз транзити ғайриқонунии 20 адад автомашинаи аз Аврупо дуздида ба Тоҷикистон дар соли 2013 ҷилавгирӣ намуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ин Кумита иттилоъ дода мешавад. Бино ба тасдиқи Кумитаи мазкур, автомашинаҳои рабудашуда аслан тариқи кишварҳои Назди Балтика, аз ҷумла Латвия ва Литва ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Дар ин […]

ASIA-Plus


Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон аз транзити ғайриқонунии 20 адад автомашинаи аз Аврупо дуздида ба Тоҷикистон дар соли 2013 ҷилавгирӣ намуд. Дар ин бора дар

сомонаи расмии ин Кумита

иттилоъ дода мешавад.

Бино ба тасдиқи Кумитаи мазкур, автомашинаҳои рабудашуда аслан тариқи кишварҳои Назди Балтика, аз ҷумла Латвия ва Литва ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Дар ин кишварҳо ба онҳо рақамҳои дигар насб шуда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мегарданд ва сипас тариқи роҳи оҳан то нуқтаи таъинот фиристода мешаванд.

Бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

бо истинод ба Хадамоти гумруки Ӯзбекистон менависад, рӯзи 7 январ ҳангоми тафтиши фарогири як вагон, ки аз рӯи аснодаш аз Литва баноми як шаҳрванди Тоҷикистон қисмҳои мошин бояд мебурд,  8 мошини нави гаронбаҳои класси  VIP кашф шудаанд:  3 мошини  BMW X6, 2 мошини BMW X5 ва яктоӣ –  BMW Sedan 525D, Honda CR-V ва Honda Civic Hybrid. Нархи умумии ин мошинҳо 1 миллиарду 350 миллион сӯми узбакӣ, муодили тақрибан 600 000 доллар баровард мешавад. Дар ин хабари радиои «Озодӣ» дар бораи ҳодисаҳои дигари ба ин монанд низ маълумот дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта хабаргузории AFP бо истинод ба рӯзномаи олмонии Bild иттилоъ дод, ки ҳудуди 200 адад автомашинае, ки аз Олмон рабуда шудаанд, дар қаламрави Тоҷикистон дарёфт гардида ва дар ҳамин ҳол, аксари онҳо дар ихтиёри хонавода ва афроди наздик ба президенти ҷуҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доштаанд.

Рӯзи дигар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

дар вокуниш ба ин масъала

изҳор намуд, ки айни замон саҳеҳияти маълумот дар бораи бо автомашинаҳои дар Олмон дузидашуда равуо доштани хонавода ва атрофиёни президени кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мавриди санҷиш қарор додааст.  Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов хабари кашфи 200 мошини рабудашудаи олмониро дар Тоҷикистон “фарзияи бедалел” шуморида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.