Гаравпулии интихоботӣ дар Тоҷикистонро кам карданианд

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағйироу иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни шарҳи тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муаллифи онҳо, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағйироу иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни шарҳи тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муаллифи онҳо, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон вакил Маҳмадалӣ Ватанов зикр кард, ки тағйирот пеш аз ҳама ба бартараф намудани гуногунии шарҳи моҳияти онҳо равона гардида, ҳамчунин дар ин масъала тавсияҳои гурӯҳи нозирони САҲА оид ба натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 низ ба инобат гирифта шудаанд.

«Ватанов таъкид дошт, ки мутобиқи лоиҳаи тағийроту илова, ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин 4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, шумори номзадҳо дар рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ низ афзуда шуда, дар лоиҳа интихоби 45%-и вакилон (айни замон – 30%) аз рӯйи рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ пешниҳод мегардад», – гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа ҳамчунин манъи раисӣ кардани намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вохӯрии номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон пешбинӣ гардида, ғайр аз ин, зиёд кардани вақти ройгон барои номзадҳо дар ВАО-и давлатӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқот пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.