Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағйироу иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни шарҳи тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муаллифи онҳо, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон вакил Маҳмадалӣ Ватанов зикр кард, ки тағйирот пеш аз ҳама ба бартараф намудани гуногунии шарҳи моҳияти онҳо равона гардида, ҳамчунин дар ин масъала тавсияҳои гурӯҳи нозирони САҲА оид ба натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 низ ба инобат гирифта шудаанд.
«Ватанов таъкид дошт, ки мутобиқи лоиҳаи тағийроту илова, ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин 4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, шумори номзадҳо дар рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ низ афзуда шуда, дар лоиҳа интихоби 45%-и вакилон (айни замон – 30%) аз рӯйи рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ пешниҳод мегардад», – гуфт Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа ҳамчунин манъи раисӣ кардани намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вохӯрии номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон пешбинӣ гардида, ғайр аз ин, зиёд кардани вақти ройгон барои номзадҳо дар ВАО-и давлатӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқот пешниҳод мегардад.



