«Барқи тоҷик»: Сарфи назар аз сардиҳо, лимит шадид нашудааст

Date:


Ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳад, ки сарфи назар аз сардиҳои фарорасида, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи шадид намудани реҷаи маҳдуди истифода барқ дастур надодааст.

Дар изҳороти имрӯз интишоргардидаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки реҷаи интиқоли барқ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан аз ҷониби ширкат риоя карда мешавад.

«Лимит на аз рӯи соат, балки аз рӯи кВт/соат риоя мешавад, яъне ба ин ё он минтақа ҳаҷми муайяни барқ интикол дода шуда, мақомоти иҷроияи ин маҳал мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунад. Ин маънои онро дорад, ки агар нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад, он ба муддати зиёдтаре кифоя хоҳад буд, яъне нишондиҳандаи вақти нерӯи барқ шартӣ аст», – таъкид мекунанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳи аввали ҷорӣ шудани лимит (ноябр) ба истеъмолгарон 1 млрд. 271 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба реҷаи қаблан тасдиқшуда 51 млн. кВт/соат зиёдтар аст. «Дар манотиқе, ки ба истифода нерӯи барқ сарфакорона муносибат намуданд, нерӯи барқ ба муддати тӯлонитаре барояшон дастрас буд», – иброз мекунанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар манотиқи кишварро ҷорӣ намуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...