Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки буҷети федератсия барои соли 2013-ро манзури ҳамагон гардонад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, соли гузашта қисмати даромади буҷети федератсия ба 4 млн. 371 ҳазору 730 сомонӣ ва қисмати хароҷот ба 4 млн. 371 ҳазору 120 сомонӣ баробар шудааст.
Гуфта мешавад, моддаи аз ҳама серхароҷоттарини буҷети федератсия ба таъминоти дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ рост омадааст, ки 2 млн. 106 ҳазору 501 сомониро ташкил додааст.
Дар зер нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагидориву молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2013-ро меорем.
Қисмати даромад:
– Барномаҳои кумаки молии ФИФА – 1 241 054 сомонӣ;
– Барномаҳои кӯмаки молии КФО – 1 303 900 сомонӣ;
– Кумаки сарпарастон – 1 002 250 сомонӣ;
– Аъзоҳаққии дастаҳои футбол – 735 577 сомонӣ;
– Даромад аз фурӯши билетҳо – 88 947 сомонӣ;
Ҳамагӣ – 4 371 730 сомонӣ.
Қисмати хароҷот:
– Хароҷот барои таъмини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон – 2 106 501 сомонӣ;
– Музди меҳнати кормандони ФФТ ва мураббиён – 844 818 сомонӣ;
– Пардохти андозҳо – 240 271 сомонӣ;
– Барои мусобиқот ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – 381 999 сомонӣ;
– Хароҷот барои футболи кӯдакона ва оммавӣ – 250 595 сомонӣ;
– Рушди техникӣ – 154 288 сомонӣ;
– Хароҷоти маъмурӣ – 316 795 сомонӣ;
– Хароҷот барои маркетинг ва реклама – 75 857 сомонӣ;
Ҳамагӣ – 4 371 120 сомонӣ.


