Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилшод Восиев дар мавсими имсола 10 тӯб ба ҳадаф расонида, дар сабқати ноил гардидан ба ин унвони фахрӣ аз ҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов пеш гузаштааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа ба Дилшод Восиев ҷоизаи аз ҷониби газетаи Marca таъсисёфта тақдим карда шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷоизадорони мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистонро муайян кард.


Ҷоизадорони мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон:


Беҳтарин дарвозабон

– Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»).


Беҳтарин ҳимоятгар

– Ҳасан Рустамов («Равшан»).


Беҳтарин нимҳимоятгар

– Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).


Беҳтарин ҳамлагар

– Мирзобек Мирзоев («Хайр»)


Нишонзани беҳтарин

– Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол») – 11 тӯб.


Беҳтарин мураббӣ

– Рустам Хоҷаев («Хайр»).


Беҳтарин довар

– Раҳмон Муртазоев (Душанбе).


Беҳтарин мураббии кӯдакон

– Сафар Раҳмонов (МҶМОВ)).


Беҳтарин бозигари футзал

– Миралӣ Шарифов («Бонки миллӣ»).


Беҳтарин футболбоззан

– Мадина Фозилова («Ласточка»).


Беҳтарин бозигар миёни кӯдакони соли таваллуди 2000-2001

– Аслан Камолов (Академияи «Истиқлол»).


Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1998-1999

– Ваҳдат Ханонов (МҶМОВ).


Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1996-1997

– Алишер Сафаров  (МҶМОВ).


Беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон

– Дэвид Мауто («Равшан»).


Беҳтарин футболбози Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти хориҷи кишвар бозӣ мекунад

– Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия).


Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2013

– Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...