Аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон мақоми 58-умро ишғол намуд

Ширкати «Netldex» рейтинги суръати пайвастшавӣ ба шабакаи интернет дар 188 кишварро интишор намуд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон мақоми 58-умро ишғол кард. Тибқи ин рейтинг, дар Тоҷикистон суръати дастрас кардан (баргирифтан)-и маълумот 12,24 Мб/сонияро ташкил додааст. Дар рейтинг суръати баргирифтани маълумот ва интиқоли файлҳо аз шабаакаи ҷаҳонӣ ба компютери корбар ба инобат гирифта шудааст. Давлатҳои Гонокнг […]

ASIA-Plus


Ширкати «Netldex» рейтинги суръати пайвастшавӣ ба шабакаи интернет дар 188 кишварро интишор намуд.

Дар ин рейтинг Тоҷикистон мақоми 58-умро ишғол кард. Тибқи ин рейтинг, дар Тоҷикистон суръати дастрас кардан (баргирифтан)-и маълумот 12,24 Мб/сонияро ташкил додааст. Дар рейтинг суръати баргирифтани маълумот ва интиқоли файлҳо аз шабаакаи ҷаҳонӣ ба компютери корбар ба инобат гирифта шудааст.

Давлатҳои Гонокнг ва Сингапур дар ин рейтинг пешсафанд. Русия дар мақоми 30-юм, Украина – 33-юм, Чин – 43-юм, Қазоқистон – 52-юм ва Ӯзбекистон – 171-ум қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони IT-технологияҳо бар ин назаранд, ки барои Тоҷикистон ин нишондиҳандаи хуб аст. Дар муқоиса бо 5-соли гузашта имрӯз ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет воситаи зеризаминии оптикӣ-нахии пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳониро доро мебошанд, ки ба чунин натиҷа оварда расонидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.