Ф.Воҳидова: Аз рӯи парвандаи «Тоҷирон» ман ҳама зинаҳои судиро мегузарам

Рӯзи 9-уми январ адвокат Файзинисо Воҳидова варақаи иҷрои судро гирифт, ки мутобиқи он бояд ихтиёран дар муддати 5 шабонарӯз ба ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намояд. Ба қавли Воҳидова, дар сурати акс иҷрочиёни суд ба таври маҷбурӣ қарори судро ба иҷро мерасонанд. «Аз рӯи қонун онҳо […]

ASIA-Plus


Рӯзи 9-уми январ адвокат Файзинисо Воҳидова варақаи иҷрои судро гирифт, ки мутобиқи он бояд ихтиёран дар муддати 5 шабонарӯз ба ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намояд.

Ба қавли Воҳидова, дар сурати акс иҷрочиёни суд ба таври маҷбурӣ қарори судро ба иҷро мерасонанд. «Аз рӯи қонун онҳо метавонанд амволи маро ба ҳабс гирифта, дар музояда ба савдо гузоранд ва ба ин васила маблағи зарурии давъогарро ҷуброн созанд, вале хушбахтона, боз ҳам тибқи қонун ман ба шикоят бурдан аз болои қарори суд ба зинаи болоӣ – Суди олии иқтисодӣ ҳуқуқ дошта, аллакай рӯзи 13-уми январ ба ин суд аризаи худро пешниҳод мекунам», – мегӯяд адвокат.

Ӯ таъкид намуд, ки аз болои қарори суд метавонист каме барвақт шикоят барад, вале тағйироти кадрӣ дар низоми судӣ баъди интихоботи президентиро интизор буд. «Ман интизорӣ доштам, ки раиси Суди олии иқтисодӣ Наим Мансуров мансабашро тарк мекунад, зеро шикоят бурдан аз болои ширкати «Тоҷирон» ба ӯ кори беҳуда аст. Аммо дар он ҷо ҳеҷ тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ напайваст, вале аз рӯи ин парванда ман тамоми зинаҳои судиро паси сар мекунам», – иброз дошт Воҳидова.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки ин танҳо зинаҳоеанд, ки ӯ бояд тибқи қонун онҳоро паси сар намояд ва минбаъд ин парвандаро ба баррасии ниҳодҳои байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод карданист.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли 2013 ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.