Изҳороти ВКХ Тоҷикистон оид ба вазъ дар марз бо Қирғизистон


Дар робита ба ҳодисаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 11-уми январ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти расмӣ интишор намуд.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар изҳороти вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки сарфи назар аз аҳду паймони ҳосилшуда дар рафти вохӯрии комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад (7 январи соли ҷорӣ) дар бораи боздоштани корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кокташ-Оқсой-Тамдик”, 11 январи соли 2014, тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷониби қирғизистонӣ ба идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди мутааллиқ Тоҷикистон кӯшиш кард.

«Ҳолати вайрон кардани сарҳади давлатиро мушоҳида карда, марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзшиканон талаби қатъ кардани корҳои сохтмониро карданд. Дар ҷавоб ба талаботи ҷониби тоҷикистонӣ, марзбонони қирғиз, дар теъдоди то 20 нафар, сараввал дашномҳои қабеҳ ба марзбонони тоҷикистонӣ гуфта, баъдан бе огоҳии пешакӣ ба ҷониби онҳо пуршиддат тир кушоданд. Дар натиҷа ду марзбони тоҷик ҷароҳатҳо бардошта, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи ҳарбӣ қарор доранд. Дар ҳолати ночорӣ ва бо мақсади муҳофизат аз ҷони худ марзбонони тоҷикистонӣ дар ҷавоб тир кушоданд», – баён магардад дар изҳорот.

Дар идома изҳор мегардад, ки худи ҳамин рӯз, тақрибан соати 12.20 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд намояндагони марзбонии постбонгоҳи ҷониби Қирғизистон ба марзи Тоҷикистон наздик омада, аз марзбонони тоҷикистонӣ талаб намуданд, то бунгоҳи сарҳадбонии худро, ки барои ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон гузошта шуда буд, бардоранд ва мақсади асосии ин талаботи онҳо – ибтидо бахшидан ба корҳои бемувофиқаи сохтмонии роҳи автомобилгарди Кулунду-Максат аз ҷониби Қирғизистон буд.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар асоси супориши комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад, 9 январи соли 2014 дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои байниҳукуматӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрии дуҷониба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар ва мақомоти корҳои дохила, бо мақсади муътадил намудани вазъ ва роҳ надодани вазъи низоъбарангез дар маҳалли Исфараю Баткен, ҷониба ба мувофиқа омаданд, ки қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатӣ ва маҳали аҳолинишинро дар якҷоягӣ назорат мебаранд.

«Дар робита ба ин, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори нигаронии худро оид ба ҳолати рухдода иброз медорад ва қайд менамояд, ки намоиш ва истифодаи қувва наметавонанд усули ҳалли масъалаҳои мубрам бошанд. Баръакс, ин рафтори ҷониби қирғизистонӣ ба муносибатҳои бисёрасраи бародарона ва ҳамҷавории ду кишвар латма мезананд», – омадааст дар хотимаи изҳорот.

spot_imgspot_img

Популярное