Посухи Прокуратураи генералӣ ба дархости раиси ҲНИТ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба дархости раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзоёни ҳизби наҳзат расман посух гуфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар посухи Прокуратураи генералӣ таъкид мегардад, ки аз рӯи муроҷиати М.Кабирӣ санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи он […]

ASIA-Plus


Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба дархости раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзоёни ҳизби наҳзат расман посух гуфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар посухи Прокуратураи генералӣ таъкид мегардад, ки аз рӯи муроҷиати М.Кабирӣ санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи он ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара, ки аъзои зикршудаи ҲНИТ-ро боздошт намуда буданд, рад карда шуд.

«Дар рафти санҷиш ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара истифода намудани усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати У.Тоҷиев ва З.Иброҳимов ошкор карда нашуд», -баён шудааст дар посух.

Дар хабари сомонаи расмии ҲНИТ бо ишора ба суҳбати Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии ҲНИТ гуфта мешавад, вақте ӯ бо вакили Умедҷон Тоҷиев,вохӯрдааст ӯ гуфтааст, ки воқеан Умедҷон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст ва ба хотири халос хӯрдан аз дасти лату кӯб худро ба зер афкандааст. Вале Умедҷон ба вакиди дифоаш, Юсуф Дониёров гуфтааст, ки ӯ намедонад барои чӣ ӯро ба ин гуноҳ муттаҳам мекунанд ва ин ҷинояте, ки аслан ӯ хабар надорад, ба ӯ бор кардаанд.

Инчунин, Умедҷон ба вакилаш гуфтааст, ки ӯ бо сабаби шикастани пояш дар ҳолати мадҳушӣ ва дар ҳолати бемории сахт будааст, ки ин амал ғайриқонунӣ аст.

Қобили зикр аст, ки Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзи 30-юми октябр аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷурми “терроризм” боздошт шуда, дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара нигаҳдорӣ мешудааст.

Рӯзи 2-уми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр меоранд ва мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошиёнаи сеюми ШКД партофтааст, аммо наздикони ӯ дар суҳбат бо хабаргузориҳо ин иддаъоро рад карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.