Легионери беҳтарини «Равшан» ба дастаи «Истиқлол» гузашт

Нимҳимоятгари 22-солаи ганагӣ Дэвид Мауто, ки ду мавсими ахир дар дастаи «Равшан»-и Кулоб ҳунарнамоӣ карда, бо ин даста ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шарафёб гардид, ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузашт. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бо Дэвид Мауто ба муҳлати як сол қарордод баста шуда, ӯ барои худ рақами […]

ASIA-Plus


Нимҳимоятгари 22-солаи ганагӣ Дэвид Мауто, ки ду мавсими ахир дар дастаи «Равшан»-и Кулоб ҳунарнамоӣ карда, бо ин даста ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шарафёб гардид, ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бо Дэвид Мауто ба муҳлати як сол қарордод баста шуда, ӯ барои худ рақами 14-умро интихоб кардааст. «Субҳи рӯзи якшанбе нимҳимоятгар ба Гана раҳсипор шуда, санаи 20-уми январ ба даста ҳамроҳ мешавад», – менависад сомонаи даста.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистон Дэвид Мауто легионери беҳтарин дониста шуд. Ғайр аз ин, тибқи натиҷагирии ҳафтавори «Варзиш-Спорт», футболбози Гана беҳтарин бозигари мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон эътироф карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.