Ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар соли хониши нав 184 нафар аз мамлакатҳои гуногун дохил шуданд, ки аз ин шумора 98 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон омадаанд.
Тавре дар нишасти матуботӣ мовини ректори ДМТ оид ба раванди кадрҳои байналмиллалӣ Сафармуҳамад Сафармуҳамадов гуфт, тариқи бурсия аз мамлакатҳои Эрон, Афғонистон, Покистистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Америка, Арабистони Саудӣ, Турманистон, Ироқ, Олмон, Хитой, Корея, Чехия барои таҳсил ҳуҷҷат супориданд.
Аз 184 нафар шаҳрвандони хориҷӣ 98 – аз Ҷумҳурии Исломи Эрон, 24 – Афғонистон, 2 – Покистон, 24 – Қазоқистон, 10 – Қирғизистон, 6 – Турманистон, 8 – Хитой, 1 – Корея. Миёни ин 184 нафар аспирантҳо низ ҳастанд.



