Русия ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нафақа медиҳад

Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки пардохтҳои иҷтимоии Русияро супоридаанд, дар оянда соҳиби нафақа хоҳанд шуд. Дар ин бора Толиб Шарифов, сардори сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод. Ба гуфтаи вай, муҳоҷирони меҳнатие, ки танҳо тариқи иҷозат барои кор фаъолият мекунанд ва пардохтҳои иҷтимоии Русияро месупоранд, ба шарте соҳиби нафақа мешаванд, […]

Исфандиёр Халилов


Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки пардохтҳои иҷтимоии Русияро супоридаанд, дар оянда соҳиби нафақа хоҳанд шуд.

Дар ин бора Толиб Шарифов, сардори сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод. Ба гуфтаи вай, муҳоҷирони меҳнатие, ки танҳо тариқи иҷозат барои кор фаъолият мекунанд ва пардохтҳои иҷтимоии Русияро месупоранд, ба шарте соҳиби нафақа мешаванд, ки доимӣ дар қаламрави он давлат иқомат кунанд.

Ба гуфтаи Толиб Шарифов, муҳоҷирони тоҷике, ки тариқи патент кор мекунанд, дар оянда нафақа намегиранд.

Вай афзуд: “Он нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатиянд, бояд расман ва аз тарқи иҷозат барои кор фаъолият кунанд. Ин имкон медиҳад, ки корфармо ба фонди нафақаи кишвари худ пардохтҳои иҷтимоиро адо кунад. Дар оянда тибқи қонунҳои Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки соҳиби нафақаи ин давлат шаванд. Ба он шарте ки ҳангоми кор ба таври доимӣ дар ин давлат иқомат кунанд. Аксари шаҳрвандони мо муваққатан кор мекунанд. Онҳое, ки муваққатан ба кор мераванд ва боз бармегарданд, агар тариқи иҷозат барои кор меҳнат кунанд ҳам, соҳиби нафақаи Русия шуда наметавонанд”.

Ба гуфтаи Толиб Шарифов, Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ масъалагузорӣ кардааст, ки ҳамкории фонди нафақаи Тоҷикистонро бо фонди нафақаи Федератсияи Русия ба роҳ монад. Ҳадаф аз он ҳосил кардани мувофиқа дар мавриди ба ҷумҳуриямон интиқол додани як қисми маблағҳое мебошад, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба фонди нафақаи Русия ворид мешавад. Ба ин тариқ, дар оянда он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор кардаанд ва пардохтҳои иҷтимоиро супоридаанд, дар ватани худ нафақа гирифта метавонанд.

Муҳоҷирати меҳнатии аҳолии Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо бештар хусусияти мавсимӣ дорад. Шаҳристон Набиева, намояндаи Иттиҳодияи ҷамъиятии “Занҳои деҳот” изҳори нигаронӣ кард, ки муҳоҷирони Тоҷикистон асосан дар Русия муваққатан кор мекунанд ва давлат бояд барои онҳо нафақа муайян созад. Зеро имрӯз мардону занони тоҷик қувваи кор карданро доранд ва бо ҳар роҳе талош меварзанд, ки оилаи худро таъмин кунанд. Давлат наметавонад онҳоро дар дохил бо кор таъмин созад. Пас, бояд баъд аз расидан ба синни нафақа ин шаҳрвандон, ки қувваи кориро аз даст медиҳанд, аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.