Ба Бишкек бозхонд шудани сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Сафири Қиғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев имрӯз, 14-уми январ аз Душанбе ба Бишкек даъват карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дода мешавад. Бино ба маълумоти ВКХ Қирғизистон, сафир «бо мақсади баргузор намудани машваратҳо дар робита ба ҳодисаи рухдода дар вилояти Ботканд, дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо истифода […]

ASIA-Plus


Сафири Қиғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев имрӯз, 14-уми январ аз Душанбе ба Бишкек даъват карда шуд. Дар ин бора дар

сомонаи расмии

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти ВКХ Қирғизистон, сафир «бо мақсади баргузор намудани машваратҳо дар робита ба ҳодисаи рухдода дар вилояти Ботканд, дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи оташфишон» ба Бишкек даъват шудааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид ҳанӯз маълумоти мушаххасе дар даст надоранд. «Мо дар ин бора маълумот дар даст надорем. Пас аз мушаххасу саҳеҳ кардани ин маълумот, шарҳу тавзеҳ пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом пазируфт.

Шоми ҳамин рӯз дар робита ба ин ҳодиса Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

изҳороти расмӣ

интишор намуд. Дар изҳороти вазорат дар ин робита зикр гардид, ки сарфи назар аз аҳду паймони ҳосилшуда дар рафти вохӯрии комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад (7 январи соли ҷорӣ) дар бораи боздоштани корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кокташ-Оқсой-Тамдик”, 11 январи соли 2014, тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷониби қирғизистонӣ ба идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди мутааллиқ Тоҷикистон кӯшиш кард.

Дар навбати худ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин муноқиша ду

номаи эътирозии расмӣ

ирсол намуд.

Дар ҳамин ҳол, дар

изҳороти пахшнамудаи

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон зикр гардид, ки муноқиша дар марз бо иғвои ҷониби Тоҷикистон рух дода, дар ҷараёни он марзбонони тоҷик нахуст оташ кушодаанд ва оташкушоӣ аз ҷониби сардори ситоди воҳиди таъиноти махсуси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷарёани тирпарронӣ марзбонони тоҷик ба ҷуз силоҳи оташфишон, аз миномёт низ истифода бурдаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.