Tethys, Total ва CNPC соли ҷорӣ ба корҳои иктишофӣ оғоз мекунанд

Сарраёсати Идораи геологияи назди ҳукумати ҶТ умедвор аст, ки сармоягузорӣ ба бахши нафту газ ва корҳои иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC давоми соли 2014 оғоз меёбанд. Зимни нишасти хабари имрӯза сардори тозатаъини Идораи мазкур Мурод Ҷумъаев дар ин робита изҳор кард, ки ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC дар бозори нафту […]

Заррина Эргашева


Сарраёсати Идораи геологияи назди ҳукумати ҶТ умедвор аст, ки сармоягузорӣ ба бахши нафту газ ва корҳои иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC давоми соли 2014 оғоз меёбанд.

Зимни нишасти хабари имрӯза сардори тозатаъини Идораи мазкур Мурод Ҷумъаев дар ин робита изҳор кард, ки ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC дар бозори нафту гази ҷаҳон аз ширкатҳои муваффақ шинохта шуда, ба Тоҷикистон рӯ овардани онҳо умедвориҳои зиёдеро ба бор меоварад. «Имсол онҳо самти корҳоро муайян хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли 2013 миёни ширкати Total Exploration and Production («Total»), Корпоратсияи миллии нафтии Чин ва Tethys Petroleum Ltd Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот ба имзо расид. Созишнома дар бораи харидани ҳисса (33% ҳиссаи ҳар кадоме аз ширкатҳо) дар қарордод оид ба тақсими маҳсулот дар майдонҳои нафтугаздори воқеъ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон аст. Дороии асосии ин ширкатҳо дар Тоҷикистон Қарордоди Бохтар дар бораи тақсими маҳсулот мебошад, ки майдони ҳудуди 35 000 километри квадратӣ дар ҳавзаи Афғонистону Тоҷикистон, ғарби кӯҳҳои Помирро дар бар мегирад.

Ахири моҳи июли соли 2012 мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Дар доираи ин муомилот ҳукумати Тоҷикистон низ майдони иловагии ояндадор дар ҳаҷми 1186,37 метри мураббаъро зам намуд, ки қаблан ба майдони Қарордоди Бохтар шомил набуданд ва муҳлати аввали баргардонидани қитъаҳои заминро ба 5 сол – то соли 2020 дароз кард.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли гузашта ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6450 метр ба итмом расонид.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ дар робита ба ҷараёни корҳо дар ин майдон зикр кард, ки дар ин майдон корҳои пармакунӣ ба итмом расида, корҳои санҷиши геологии он идома доранд. «Мо умедворем, ки ояндаи наздик аз ин майдон маълумотҳои мушаххас пешниҳод шуда, истихроҷи саноатии газ оғоз меёбад», – гуфт Ҷумъаев.

Ахири моҳи декабри соли гузашта зимни вохӯрӣ бо нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар майдони чоҳи нафту гази «Шаҳринав-п», воқеъ дар 36 километрии шаҳри Душанбе директори намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов изҳор дошт, ки дар марҳилаи кунунӣ аз 8 иншооти ошкоршуда дар яктоаш озмоишҳои геологӣ ба итмом расида, корҳои таҳқиқи иншооти дуюм шурӯъ шудаанд. «Иншоотҳои № 4,6 ва 7-ро ояндадор арзёбӣ мекунем ва анҷоми тамоми корҳои озмоиширо тобистони соли оянда дар нақша дорем», – зикр карда буд ӯ.

Дар ҷараёни ин боздиди нахуствазир аз иншоот ҳамчунин масоили марбут ба оғози корҳо боз дар як майдони нафтугаздори Gazprom International – «Шоҳамбарии Ғарбӣ» дар ноҳияи Ҳисор низ баррасӣ шуда, дар ин маврид Шаталов зикр кард, ки айни замон дар ин минтақа корҳои тадорукотӣ ҷараён дошта, корҳои асосӣ дар ин минтақаро ширкат дар семоҳаи дуюми соли равон оғоз карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.