Тағйири ҷадвали парвозҳо дар ФБД бар асари туман


Оғоз аз соати 19 дирӯз фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифта, он боиси ворид намудани тағирот дар ҷадвали парвозҳо гардид.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат гирифта, ҳавопаймоҳое, ки шабона бояд дар фурудгоҳи Душанбе менишастанд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд нишастанд.

Ба гуфтаи ӯ рейсҳои №2879 хатсайри Санкт Петербург-Душанбе, №2923 Перм-Душанбе, №803 хатсайри Москва (Внуково)-Душанбе, №106 Дубай-Душанбе, № 628 хатсайри Москва (Домодедово)-Душанбе, № 4804 хатсайри Сочи-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд.

«Рейси №885 хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе алъон дар фурудгоҳи Тошканд (Узбекистон) қарор дорад. Рейсҳои №2957 хатсайри Екатеринбург-Душанбе ва рейси №753 хатсайри Краснодар–Душанбе алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накардаанд. Рейси 738 Душанбе-Красноярск, ки бояд соати 21 30 рӯзи гузашта парвоз мекард, мусоид шудани ҳаворо дар фурудгоҳи Душанбе интизор аст», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки бино ба иттилои ҳавосанҷҳо, тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монда, бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурӯъ хоҳанд шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное