Соли гузашта нисбати 5 судя парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд

Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбати 5 нафар судя парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки судяҳои судҳои ВМКБ, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ваҳдат ва ноҳияи Нуробод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ба гуфтаи ӯ, боз 11 нафар судя ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, […]

ASIA-Plus


Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбати 5 нафар судя парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.

Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки судяҳои судҳои ВМКБ, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ваҳдат ва ноҳияи Нуробод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, боз 11 нафар судя ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, 87 нафар аз ҷониби Шӯрои адлия оид ба риояи қонун зимни фаъолият огоҳ карда шуданд. «Давоми сол 15 нафар судя бо хоҳиши худ, аз рӯи синнусол ё марг мансабашонро тарк карда, 34 нафар судяи нав ба кор қабул шуд», – иброз дошт ӯ.

Азизов зикр кард, ки ҳангоми санҷиш (аттестатсия)-и ахири соли гузашта 424 нафар судя иштирок карда, 25 нафар ба мансаби ишғолкардаашон мувофиқат накарданд ва се нафари дигар ба курсҳои такмили ихтисос фиристода шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.