Мусоидати ХМ ба бозгашти 4 нафар муҳоҷир ба ватан

Ҳафтаи сипаришуда 3 муҳоҷири меҳнатӣ -шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости кӯмак барои бозгашт ба ватан ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намуданд. Бино ба иттилои намояндагии ХМ ҶТ дар Русия бо мусоидати намояндагӣ Исо Очилдиеви 47-сола, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс, ки баъд аз иҷрои ҷазо дар маҳбаси шаҳри Оренбург имкони молиявии бозгашт ба ватан […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи сипаришуда 3 муҳоҷири меҳнатӣ -шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости кӯмак барои бозгашт ба ватан ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намуданд.

Бино ба иттилои намояндагии ХМ ҶТ дар Русия бо мусоидати намояндагӣ Исо Очилдиеви 47-сола, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс, ки баъд аз иҷрои ҷазо дар маҳбаси шаҳри Оренбург имкони молиявии бозгашт ба ватан надошт, тавассути қатораи Москва-Душанбе ба ватан фиристода шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Шарифмо Мирзоеваи 43-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо писараш Фаридун Мирзоеви 12-сола, ки бинобар сабаби нодуруст будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти писараш аз ҷониби макомоти сарҳадии ФР зимни убури сарҳади Россия ва Қазоқистон аз қатораи хатсайри Волгоград- Душанбе бозпас гардонида шуда буд, бо мусоидати Намояндагӣ тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва-Душанбе ба ватан раҳсипор гардид.

Гуфта мешавад, муҳоҷири дигар Абдумалик Сафарови 28-сола, зодаи ноҳияи Бохтар низ ки бинобар сабаби дар ҳолати вазнини бемори бистарӣ будани модараш ва ғайрикофӣ будани маблағи роҳкирояш, тавассути қатораи хатсайри Москва – Душанбе бо мусоидати Намояндагӣ, Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Москва ва дастгирии молиявии соҳибкорони тоҷик ба ватан равон карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.