Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар омода шудааст ва дар сурати ба имзо расидани он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам рушду такомул хоҳанд ёфт.  

Доктор Абдулғафур Орзу дар навбати худ зикр намуд, ки агар сулҳу субот ва амният дар ин минтақа ҳамеша ҳукмфармо бошад, робитаҳои ду кишвар боз ҳам тақвият ёфта, онҳо низ ба муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткорӣ омодаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мушаххаси самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳа табодули назар карда шуд. Ҳамчунин дар вохӯрии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.