Тоҷикистон ба низоми нави баҳогузорӣ дар макотиб омодагӣ мегирад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба Академияи омӯзгорӣ ва Пажуҳишгоҳи рушди омӯзгорӣ ҷиҳати мавриди таҳлил қарор додани масъалаи ҷорӣ намудани низоми нави баҳогузорӣ ба дониши хонандагон дастуру супориш додааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи феврал дар се мактаби ҷумҳурӣ ба таври […]

ASIA-Plus


Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба Академияи омӯзгорӣ ва Пажуҳишгоҳи рушди омӯзгорӣ ҷиҳати мавриди таҳлил қарор додани масъалаи ҷорӣ намудани низоми нави баҳогузорӣ ба дониши хонандагон дастуру супориш додааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи феврал дар се мактаби ҷумҳурӣ ба таври санҷишӣ низоми нави баҳогузорӣ ҷорӣ карда мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои омӯзиши дақиқи низоми баҳогузории 100-балла шояд соли равон пас аз мувофиқа бо ҳукумат ворид намудани тағйироту иловаи дахлдор дар ин хусус дар қонунгузорӣ пешниҳод шавад», – иброз дошт муовини вазир.

Котиби матбуотии вазорат Маҳмудхон Шоев дар шарҳи ин масъала зикр кард, ки ҳадафи аслии ҷорӣ намудани низоми нави баҳогузорӣ  дар макотиби таҳсилоти умумӣ гузариши марҳила ба марҳила ба меъёрҳои байнулмилалии таълим мебошад. «Гузашта аз ин, низоми 100-баллаи баҳогузорӣ ба довталабон барои дохил шудан ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ, ки дар онҳо аз ин низом истифода мешавад, имкон фароҳам месозад», – гуфт номбурда.

Тоҷинисо Маҳмадова ҳамчунин қайд кард, ки айни замон мутахассисон ин низомро мавриди омӯзиш қарор дода, вале метавон гуфт, ки аз 60 то 80 балли гирифта ба баҳои «хуб» ва аз 80 то 100 балл ба баҳои «аъло» баробар хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.