Анонс
– Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ доир мегардад, ки дар он аз рушди кишвар дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳо барои соли 2014 муайян карда мешаванд.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7742
сомонӣ;
1
евро
– 6.5043
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1446
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1941
— Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.
1943
— Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).
1962
— Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.
1962 —
Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2001
— Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0-5.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -9-14, рӯзона 0-5; дар шарқи вилоят шабона -23-28, рӯзона -9-14.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона 0-2.



