Гуфтушуниди раҳбарияти хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо сари мизи гуфтушунид менишинанд. Дар иттилои Хадамоти мазкур изҳор мегардад, ки дар робита ба вазъи мавҷуда дар марз ва ҳамчунин саҳеҳ намудани маълумоти расида аз […]

ASIA-Plus


Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Дар иттилои Хадамоти мазкур изҳор мегардад, ки дар робита ба вазъи мавҷуда дар марз ва ҳамчунин саҳеҳ намудани маълумоти расида аз марзбонони тоҷик зимни вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии ҷонибҳо рӯзи 14-уми январ таъҷилан гуфтугӯи телефонии роҳбарони хадамоти марзбонии кишварҳо доир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбати телефонӣ ҷониби Қирғизистон оид ба вазъи мавҷуда дар марзи давлатӣ ибрози андеша намуда, зарурати танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал шудани ин масъаларо таъкид доштааст.

«Фармондеҳи нерӯҳои мразбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҳалли вазъи мавҷуда тариқи роҳҳои дипломатӣ ва роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ дар марз изҳори омодагӣ намуд», – омадааст дар хабари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Гуфта мешавад, имрӯз баргузор намудани вохӯрии ҷонибҳо дар сатҳи раҳбарияти нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар дар назар аст.

Қаблан ВАО-и Қирғизистон итттилоъ доданд, ки рӯзи 14-уми январ вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистн баргузор шуда, дар ҷараёни он намояндагони Тоҷикистон қотеъона изҳор доштаанд, ки ба оғози сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой монеъа эҷод хоҳанд кард. «Марзбононии тоҷик ба вохӯрӣ пурра бо муҳимоти низомӣ ва сарулибоси зиреҳпӯш ҳозир шуданд», – хабар дода шуд дар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҳамчунин дар хабар зикр гардид, ки дар нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ҷиҳати ҳифзи тамомияти арзии кишвар, аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳонаи имконпазир тамоми тадбирҳои омодагӣ андешида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ то ҳанӯз аз шарҳи қазия дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ меварзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.