Сафорати ҶТ дар Бишкек ба муколама дар ҳалли бахси марзӣ умедвор аст

Бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек изҳори умедворӣ мекунад, ки муноқишаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатӣ рухдода тавассути муколамаи созанда ва дарёфти роҳи қобили қабул барои тарафайн ҳаллу фасл мешавад. Дар ин бора дар хабари интишоршуда дар сомонаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек иттилоъ дода мешавад. Дар […]

ASIA-Plus


Бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек изҳори умедворӣ мекунад, ки муноқишаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатӣ рухдода тавассути муколамаи созанда ва дарёфти роҳи қобили қабул барои тарафайн ҳаллу фасл мешавад. Дар ин бора дар хабари интишоршуда дар сомонаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек иттилоъ дода мешавад.

Дар хабар зикр мегардад, ки дар робита ба муноқишаи рӯзи 11-уми январ дар марз рухдода Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нота ирсол намуд. Дар идома матни

изҳороти расмии

ВКХ Тоҷикистон, ки дар сомонаи расмии вазорат мунташир гардида буд, оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ба гуфтаи кормандони он, рӯзҳои ахир дар назди бинои сафорат гириҳамоиҳо баргузор нашудаанд ва сафир низ дар реҷаи муқаррарӣ ифои вазифа мекунад.

Дар ҳамин ҳол, сафири Қиғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев рӯзи 14-уми январ аз Душанбе ба Бишкек

даъват карда шуд

. Сафир «бо мақсади баргузор намудани машваратҳо дар робита ба ҳодисаи рухдода дар вилояти Ботканд, дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи оташфишон» ба Бишкек даъват шудааст.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо

сари мизи гуфтушунид

менишинанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.