Боздиди муовини аввали нахуствазири Русия аз Тоҷикистон

Ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов санаи 24-уми январ ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар Шувалов бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Ба иттилои манбаъ, зимни сафари […]

Аваз Юлдошев


Ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов санаи 24-уми январ ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар Шувалов бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сафари ҳайати ҳукумати Русия ба Тоҷикистон ҷонибҳо асноди тасдиқшудаи созишномаҳо дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русияро ба ҳамдигар месупоранд.

Қобили зикр аст, ки ин созишномаҳо зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон тирамоҳи соли 2012 ба имзо расида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.