Аввалин барномаи радиои «Имрӯз» бо забони шуғнонӣ


Радиои мустақили «Имрӯз» бори нахуст ба пахши баронмаҳо бо забони шуғнонӣ оғоз кард.

Азорабек Азорабеков, раҳбари тиҷоратии ширкати «Ориёно Медиа» рӯзи 15-уми январ ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шунавандагони радио барномаҳоро бо забони шуғнӣ метавонанд ҳар рӯз аз соати 12 то 15 рӯи мавҷи 107.4FM дар шаҳри Хоруғ бишнаванд.

Азорабеков изҳор доштааст, ки ин аввалин барномаҳои радиоӣ бо забони шуғнист, ки дар Тоҷикистон пахш мешаванд. Ҳадаф аз роҳандозӣ шудани барномаҳои радиоӣ бо забони шуғниро ин масъули радиои «Имрӯз» ба ҳифзи забонҳои помирӣ, аз ҷумла шуғнонӣ марбут медонад, ки бештар роиҷ будааст.

Дар бораи нахустин барномаҳои шуғнии радиои “Имрӯз” як шунаванда бо номи Сайёра чунин ибрози назар намудааст: «Дар Бадахшон ин аввалин радио ҳаст, ки бо забони шуғнонӣ пахш мешавад. Радиои «Имрӯз» ки дар Хоруғ пахш мешавад, барои мардуми онҷо хеле муҳим аст. Аслан ин барномаҳо, ки бо номи «Суханони падар» пахш мешавад, тарбиявӣ буда, барои аз байн нарафтани забонҳои мардуми Бадахшон мусоидат мекунад».

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафарро ташкил буда, ба ақидаи забоншиносон, 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное