Мулоқоти дӯстонаи вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони ИДМ


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Русия бо даъват ба субҳонаи корӣ мулоқоти дӯстона орост. Дар ин бораи

хадамоти матбуоти ВКХ Русия

хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ иштирок доштааст.

Бино ба иттилои ВКХ Русия, дар мулоқот масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ, ҳамкориҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва соҳаи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар хабари ВКХ Русия зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дурнамои рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ табодули назар намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи 14-уми январ

вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасин оид ба ҷаласаи ғайринавбатии Бонки Ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, барпо шуд.

spot_imgspot_img

Популярное