Теъдоди беморони зарпарвин дар соли 2013 ба 10 286 нафар расидааст

Хуруҷи бемории зарпарвини намуди А дар соли 2013 миёни кӯдакони то синни 14 сола рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар ин бора имрӯз, 16-уми январ Наврӯз Ҷаъфаров, сардухтури санитарӣ ва ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2013 шумори умумии гирифторони намудҳои гуногуни бемории […]

Исфандиёр Халилов


Хуруҷи бемории зарпарвини намуди А дар соли 2013 миёни кӯдакони то синни 14 сола рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар ин бора имрӯз, 16-уми январ Наврӯз Ҷаъфаров, сардухтури санитарӣ ва ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2013 шумори умумии гирифторони намудҳои гуногуни бемории зарпарвин дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 10 ҳазору 286 нафар расидааст. Дар соли 2012 ин нишондод ба 10 ҳазору 98 нафар баробар будааст. Бо назардошти ин, теъдоди гирифторони зарпарвин 188 нафар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров бештар афзоиши зарпарвини намуди А ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии гирифторони бемории зарпарвини А миёни аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 85 дарсадро кӯдакони то синни 14-сола ташкил медиҳанд. Шумори умумии гирифторони бемории зарпарвини А дар соли 2013 ба 9 ҳазору 900 нафар расидааст. Ба қавли номбурда, дар соли 2012 теъдоди гирифторони ин намуди беморӣ ба 9 ҳазору 700 нафар мерасид.

Аммо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 

Нусратулло Салимов 


афзоиши шумори мубталоёни бемории зарпарвинро нигаронкунанда намедонад. Ба гуфтаи ӯ, гирифторӣ ба бемории зарпарвин ҳар сол ба назар мерасад ва баъзан зиёду кам мешавад.

Вай гуфт: “Агар дар нисбати бемориҳои сироятӣ хулосабардорӣ кунем, дар ҷумҳурӣ вазъият муътадил аст. Вале дар ҳақиқат, омори бемории зарпарвини намуди А нисбат ба соли 2012 зиёд шудааст. Асосан, кӯдакон гирифтори бемории зарпарвини А шудаанд. Гирифтории калонсолон ба бемории зарпарвини А хеле кам аст. Шояд як ё ду ҳодиса ба қайд гирифта шуда бошад”.

Нусратулло Салимов истифодаи оби софнашуда ва меваҳои ношустаро 

сабаби пайдоиши ин беморӣ


 медонад. “Ба он хотир зарпарвини А миёни кӯдакон меафзояд, ки онҳо бо ҳамдигар бозӣ ва машғулиятҳои якҷоя мегузаронанд. Аз ин роҳ бемории мазкур аз як кӯдаки гирифтори зарпарвини А ба дигараш сироят меёбад”, – иброз дошт вазир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.