Соли равон Тоҷикистон ба маблағи 25,5 млн. $ барқ содир карданист

Ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар соли 2014 метавонад 700 млн. кВт/соат ба маблағи 25,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Дар ин бора дар гузориши Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ва нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи солҳои 2015-2016, ки аз ҷониби сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардидааст, маълумот дода мешавад. Бино […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар соли 2014 метавонад 700 млн. кВт/соат ба маблағи 25,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад.

Дар ин бора дар гузориши Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ва нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи солҳои 2015-2016, ки аз ҷониби сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардидааст, маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии 33,2 млн. $ (соли 2012 – 21,3 млн. $) нерӯи барқ содир кард.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон дар мавсими тобистон асосан ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол медиҳад.

«Имконоти содироти барқ аз Тоҷикистон дар мавсими тобистон хеле зиёдтар буда, аммо ҳамасола лозим меояд, ки обро тавассути агрегатҳо бидуни тавлиди барқ холӣ партоб кунем. Ин нерӯи барқи зиёдатиест, ки метавон онро фурӯхта, даромади хуб ба даст овард», – зикр карданд дар вазорати мазкур.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2008 Тоҷикистон партоби холии об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои  бузургро амалӣ намуда, ҳаҷми солонаи партоби холии об ба ҳисоби миёна ба истеҳсоли аз 5 то 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ рост меояд, ки маблағи он тақрибан ба 150-200 млн. доллари ИМА баробар аст.

Дар назар аст, ки соли 2015 Тоҷикистон ҳаҷми содироти барқро то 750 млн. кВт/соат (27,3 илн. $) ва соли 2016 то ба 800 млн. кВт/соат (29,1 млн. $) мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.