Мушовири МБТ: Қирғизистон озодии транзити Тоҷикистонро нодида мегирад

– Бо иҷозат надодан ба Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми муомилоти молӣ бо Чин тариқи қаламрави худ, Қирғизистон озодии транзити Тоҷикистонро нодида мегирад, – чунин мешуморад мушовири байнулмилалии Маркази байнулмитлалии тиҷорат (МБТ, ITC) оид ба узвият ба Созмони байнулмилалии тиҷорат (СБТ) Роҳат Токтоналиев. «Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳрро надорад, аз ин рӯ, ба роҳу воситаҳои гуногуни транзити […]

Пайрав Чоршанбиев


– Бо иҷозат надодан ба Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми муомилоти молӣ бо Чин тариқи қаламрави худ, Қирғизистон озодии транзити Тоҷикистонро нодида мегирад, – чунин мешуморад мушовири байнулмилалии Маркази байнулмитлалии тиҷорат (МБТ, ITC) оид ба узвият ба Созмони байнулмилалии тиҷорат (СБТ) Роҳат Токтоналиев.

«Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳрро надорад, аз ин рӯ, ба роҳу воситаҳои гуногуни транзити пайвасташавӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳавасманд аст. Тайи солҳои ахир Тоҷикистону Қирғизистон бо дастгирии Бонки осиёгии рушд ба зербинои роҳи мошингард, ки Тоҷикистонро бо Чин тариқи қаламрави Қирғизистон пайваст мекунад, ба таври қобили мулоҳиза маблағгузорӣ намуданд. Ин роҳ барои Тоҷикистон воситаи арзонтарини савдо бо Чин мебошад, вале Қирғизистон транзити байнулмилалӣ тариқи гузаргоҳи Қарамикро, ки дар инроҳ мавҷуд аст, манъ кард», – зикр мегардад дар гузориши таҳиянамудаи Токтоналиев таҳти унвони «Таҳқиқоти монеъаҳо дар савдо, ки бахши хусусии Тоҷикистон бо онҳо зимни содироти мол ва хизматгузорӣ ба бозорҳои ҷудогона дучор мешавад».

Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудааст.

Ба гуфтаи Токтоналиев, Қирғизистон тасдиқ мекунад, ки мувофиқи созишномаи дуҷониба аз соли 2004, гузаргоҳи марзии Қарамик на барои тиҷорати байнулмилалӣ, балки барои савдои дуҷониба таъин шудааст.

Ӯ таъкид месозад, ки айни замон ҳамлу нақли дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин тариқи ағбаи Қулма ё нуқтаи байнулмилалии убури марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сурат мегирад.

«Ҳардуи ин роҳҳои алтернативӣ барои боркашонони автомобилӣ дарозтар ва гаронтар буда, солҳои ахир аз гуфтушунидҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ин масъал ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аллакай якҷониба мақоми нуқтаи убурро тағйир дода, онро аз дуҷониба ба байнулмилалӣ табдил дод», – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Ба андешаи Токтоналиев, ин вазъ хилофи озодиии транзит аст, ки тибқи моддаи V-и ГАТТ (Созишномаи генералӣ дар бораи тарофаҳо ва савдо) аз соли 1994 эътироф шудааст.

Мушовири байнулмилалии МБТ бар ин назар аст, ки дар доираи механизми мавҷудаи Созмони байнулмилалии тиҷорат метавон машваратҳои дуҷониба оид ба ин масъаларо роҳандозӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.