ТВ «Сафина»: Аз ҳодисаи наздимарзӣ ба хотири бадтар нашудани мушкил чизе пахш накардем

Муассисаҳои давлатии телевизиони «Сафина» ба хотири бадтар нашудани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон гузорише аз ҳодисаи наздимарзии 11-уми январ пахш накард. Тавре имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ муовини аввали муассисаи мазкур Каримҷон Азизов зикр кард, ҳодисаи амалиёти тирпаронии марзбонони тоҷику қирғиз, ки 11-уми рух дод, бештар ранги сиёсӣ дорад, аз ин рӯ, ҷиҳати бадтар накардани авзоъ кормандони […]

Мавзуна Абдуллоева


Муассисаҳои давлатии телевизиони «Сафина» ба хотири бадтар нашудани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон гузорише аз ҳодисаи наздимарзии 11-уми январ пахш накард.

Тавре имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ муовини аввали муассисаи мазкур Каримҷон Азизов зикр кард, ҳодисаи амалиёти тирпаронии марзбонони тоҷику қирғиз, ки 11-уми рух дод, бештар ранги сиёсӣ дорад, аз ин рӯ, ҷиҳати бадтар накардани авзоъ кормандони телевизион аз иттилоъи он ба шаҳрвандон худдорӣ кардаанд.

«Телевизиони мо фарҳангӣ аст ва то аз мақомоти қудратӣ ягон иттилои расмӣ оид ба ҳодисаи наздимарзӣ пешниҳод карда нашавад, мо гузорише пахш намекунем. Ба ҷуз ин барои омодасозии мавод аз ягон ҷой фармон нагирифтем», – афзуд Азимов.

Ёдрас мешавем, дирӯз вохӯрии фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ ва Раҳимбердӣ Дуйшенбиев дар Исфара ба итмом мерасад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи мавҷуда дар марзро баррасӣ ва табдирҳои муштарак бобати ба эътидол овардани вазъ дар онро таҳия намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо дар бораи роҳандозии ҳамкории муштарак ба хотири таъмини амну субот дар минтақаҳои баҳсии марз ба мувофиқа расиданд. «Дар фурсати наздиктарин аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ҳамкорӣ санади дахлдор ба имзо мерасад», – иброз дошт манбаъ.

Бинобар сабаби пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани гуфтушунид, манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки

 рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта

, 14-уми январ низ дар Ботканд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ доир гардида буд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек 

бо реҷаи муқаррарӣ

 фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

парвандаи ҷиноӣ

 боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.