Натиҷаҳои тадқиқоти тиббӣ-демографии соли 2012 нишон дод, ки фавти кӯдакони синни то 1 сола аз 46 дар соли 2007 ба 34 ва фавти кӯдакони синни то панҷсола аз 53 ба 43 нисбат ба 1000 зиндатаваллуд паст гардидааст.
Дар ин бора имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва гуфт, ки рафти кор дар ин самт масъулони вазоратро қаноатманд намекунад.
Вазир афзуд: “Масъалаи фавти модару кӯдак яке аз проблемаҳои асосие мебошанд, ки ба он вазорати тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса нишон медиҳад. Ба хотири он ки дар барномаи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ин масъала гузошта шудааст ва асоси кори моро ташкил медиҳад. Имрӯз фавти модару кӯдак кам шуда истодааст, вале мо аз ҷараёни кор дар ин самт норозием. Дар фавти модару кудак мо бевосита роҳбарони сатҳи ноҳияву шаҳрҳо, бахусус, аз сардухтурон то менеҷерон ва ҳукумати ноҳияро айбдор мекунем”.
Ба қавли вазири тандурустӣ, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ки намояндагони президент дар маҳалҳо ба фавти ҳар як нафари калону хурд ҷавобгар аст.
Мушкили асосии вазорати тандурустӣ дар самти пешгирии фавти модару кӯдакро Нусратулло Салимов дастгирӣ наёфтани марказҳои саломатӣ барои дарёфти хун ва таъмини доруворӣ маънидод кард.
“Аз оғози соли 2014 кӯшиш мекунем, ки ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳоро ба ин кор алоқаманд созем ва ҳолати фавти модару кӯдакро камтар кунем”, – изҳор дошт вазир.
Мувофиқи маълумоти вазорати тандурустӣ, соли 2013 дар қаламрави ҷумҳурӣ нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 сола 17,8 ба 1000 зиндатаваллуд ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 17,4 баробар аст. Нишондоди фавти кӯдакони синни то 5 сола ба 22,3 нисбат ба 1000 зиндатаваллуд баробар аст, ки ин рақам дар соли 2012 ба 22,0 мерасад.
Фавти модарон дар соли 2013 ба 31,3 нисбат ба 100 000 зиндатаваллуд баробар шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 33,6 баробар буд.



