Палатаи саноат ва савдо намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистонро баргузор мекунад

Масъулини Палатаи саноат ва савдои ҶТ тасмим доранд, дар соли 2014 намоишгоҳи бахши сайёҳии Тоҷикистонро доир созанд. Дар ин бора Саид Шарифов, раиси Палатаи саноат ва савдо имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ниёз ба муаррифии бештаре дорад. Ба гуфтаи ӯ, рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок […]

Исфандиёр Халилов


Масъулини Палатаи саноат ва савдои ҶТ тасмим доранд, дар соли 2014 намоишгоҳи бахши сайёҳии Тоҷикистонро доир созанд.

Дар ин бора Саид Шарифов, раиси Палатаи саноат ва савдо имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ниёз ба муаррифии бештаре дорад.

Ба гуфтаи ӯ, рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ниёз ба инфрасохтори замонавӣ дорад.

Вай гуфт: “Имрӯз дар Тоҷикистон сайёҳиро ба Варзоб ё Хоҷа Оби Гарм ва ё Баҳористон рафта омадан мефаҳманд. Аммо ин маънои рушди сайёҳиро надорад. Мо бояд дигар намуди сайёҳиро дар кишвар рушд диҳем. Сайёҳии шикор, лижаронӣ, кӯҳнавардӣ ва намудҳои дигари ҷаҳонгардӣ вуҷуд дорад, ки дар Тоҷикистон эҳёи онҳо имконпазир аст”.

Саид Шарифов иброз дошт, ки 93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар кишварамон манзараву табиати зебо зиёд аст, аммо роҳу инфрасохтор кам аст. Бинобар ин, рушди сайёҳӣ назаррас нест.

Ба қавли ӯ, маконҳое ҳаст, ки шояд аз Хоҷа Оби Гарм даҳҳо маротиба зебо ва назаррабо бошад, аммо роҳи рафтан ба он ҷойҳо мавҷуд нест.

Раиси Палатаи саноат ва савдо мегӯяд, ки сайёҳ пулашро сарф мекунад, то роҳат бинад. Вай афзуд: “Дар Тоҷикистон бо шурӯи парвози ҳавопаймоҳои Боинг омадани сайёҳон рӯ ба афзоиш ниҳод. Зеро сайёҳон пеш аз омадан ба ин ё он давлат аввал маълум мекунанд, ки кадом намуди ҳавопаймо ба он самт парвоз мекунад. Пурсуҷӯ мекунанд, ки кадом меҳмонхонаҳо дар ин кишвар мавҷуданд”.

Ба андешаи ӯ, як қатор меҳмонхонаҳои кишвар шароити хуби пазируфтани меҳмононро доранд. Аммо барои бунёди ин гуна иншоот маблағи зиёд лозим аст.

Ҳамчунин Саид Шарифов ба журналистон як муроҷиатномаи Палатаи саноат ва савдо ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар мавзӯи ҳамкорӣ бо ин сохтор супорид. Дар муроҷиатнома аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки барои пешрафти Тоҷикистон ва рушди иқтисоди он бо ин сохтор ҳамкорӣ кунанд. Дар он гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозор аст ва ба сармоягузории бештаре ниёз дорад. 

“Биёед, саҳми худро дар рушди Тоҷикистон гузорем”, – омадааст дар муроҷиатнома.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.