Тааҷҷуби ҲНИТ аз хомӯшии мақомоти давлатӣ оид ба қазия дар марз

spot_imgspot_img

Дата:


Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳодисаҳои ахири рух дода дар марзи Тоҷикистон ва Қиргизистон, инчунин ташаннуҷи равобити ду кишварро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуда, вазъи ба вуҷудомадаро таҳдид ба манфиатҳои ду кишвар ва миллати дӯсту ҳамсоя медонад.

Дар изҳороти интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки миллатҳои тоҷику қирғиз, ки муштаракоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии зиёд доранд, садсолаҳо боз паҳлуйи ҳам дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва бародарӣ зиндагӣ кардаанд. Ин ду миллат бояд ҳамеша дар ҳамин руҳия зиндагӣ намоянд, то дар муқобили чолишҳои умумӣ ва гоҳо сунъии тарафҳои дигар устувор бимонанд.

«Ҳодисаи нохуши 11.01.14 набояд василаи таблиғотӣ алайҳи якдигар бигардад, балки ҳушдоре бошад барои ҷиддан машғул шудан ба масъалаи нишонагузории одилонаи марзҳои ду кишвар. Вале, мутаассифона, баъзе расонаҳо, доираҳои сиесӣ, ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишвари ҳамсоя бидуни таҳқиқ ва баррасии одилонаи қазия, онро яктарафа баҳо дода, дар умум ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд. Ҳол он, ки баррасии аввалия ошкор кард, ки ҳодиса дар хоки Тоҷикистон рух дода, таҷовӯзи мусаллаҳона ба сарзамини мо сурат гирифтааст.Бо истифода аз хомушӣ ва ё камфаъолиятии масъулину ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, мақомоти кишвари ҳамсоя фазои иттилоотиро бо маълумотҳо ва тафсирҳои яктарафа пур кардаанд, ки ин боиси натиҷагириҳои ғалат аз моҳияти масъала хоҳад гашт», – омадааст дар изҳорот.

Дар идома қайд мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баробари маҳкум намудани чунин масъалагузории яктарафа аз ҷониби масъулини кишвари ҳамсоя, аз тамоми ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон тақозо менамояд, ки мавқеъи ошкортар ва боварибахш нисбати ин масъала дошта бошанд. Додани маълумотҳои саривақтӣ ва эътимоднок ба ҷомеъаи кишвар ва ҷаҳон, инчунин дидани чораҳои ҷиддӣ барои ҳимояти шаҳрвандон ва марзу буми кишвар аз иқдомҳои аввалияе мебошанд, ки масъулини давлатии мо бояд рӯзҳои наздик анҷом бидиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки ниҳодҳои масъули давлатии Тоҷикистон худро аз қазия дур гирифта, вазни ин мушкилиро ба души Президент, неруҳои мусаллаҳи кишвар ва расонаҳои мустақил вогузор кардаанд.

«Чунин рафтори номуносиб осебпазирии низоми давлатиро дар баробари буҳронҳо ошкор сохта, ҷавобгуйи манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо нест. Афсарону сарбозони ҷасур, ки масъулияти худро барои ҳифзи марзу истиқлолияти кишвар анҷом дода истодаанд, бояд пуштибонии саросарии тамоми қишрҳо, ба хусус, ниҳодҳои сиёсии кишварро эҳсос намоянд. Таъмини истиқлолияти миллӣ, ҳифзи марзу бум ва кумак ба ниҳодҳои қудратии кишвар бояд имрӯзҳо аз муҳимтарин масоили кории Ҳукумат, Парлумон ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон бошад», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар фарҷом Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват менамояд, ки дар баробари андешидани чораҳои лозимаи сиёсӣ ва низомӣ баҳри баргардонидани вазъият ба муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, аз тамоми имконоти дипломатӣ, мардумӣ ва фарҳангӣ истифода шавад. «Бахусус, нақши рӯшанфикрон ва шахсиятҳои динӣ дар коҳиш додани ташаннуҷ мавқеъи калидӣ дошта метавонад. Зеро, боло рафтани ҳассосият байни ду кишвари дӯст боиси осебпазирии ҳарду миллат дар баробари мушкилоти муштараки минтақаӣ мегардад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...