Дастаи «Истиқлол»-ро се бозигар тарк мекунанд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки чанд рӯз қабл Мубин Эргашев сармураббии он таъин шуд, тасмим гирифт, ки бо чанде аз бозигарони ҳайати соли гузашта хайрухуш намояд ва дар ин робита ба се бозигар мақоми «агенти озод»-ро таъин кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии даста, мувофиқи ин тасмим ҳамлагари эронии даста Ҳусейни Сӯҳробӣ, ки бо ба […]

ASIA-Plus


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки чанд рӯз қабл Мубин Эргашев сармураббии он таъин шуд, тасмим гирифт, ки бо чанде аз бозигарони ҳайати соли гузашта хайрухуш намояд ва дар ин робита ба се бозигар мақоми «агенти озод»-ро таъин кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии даста, мувофиқи ин тасмим ҳамлагари эронии даста Ҳусейни Сӯҳробӣ, ки бо ба ҳадаф расонидани 11 тӯб нишонзани беҳтарини мавсими футболи соли 2013 гардида буд ва узви даста, ҳамлагари дастаи мунтахаби Уганда Юджин Сепуйя, ки аҳёнан дар ҳайати асосиии даста ҳунарнамоӣ мекард, акнун ба ҷустуҷӯи дастаи нав шурӯъ хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дастаи «Истиқлол» тасмим гирифт, ки қарордоди муҳлаташ анҷомёфта бо нимҳимоятгар Иброҳим Рабимовро низ дигар дароз намекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.