Баррасии масъалаи ифтитоҳи марз дар вохӯрии Алимардон ва Мамитов

spot_imgspot_img

Дата:


Ҳамаи панҷ гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи рӯзи ҷумъа баста боқӣ монданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, аз панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистон се гузаргоҳ дар марз бо вилояти Суғд, 1 гузаргоҳ дар ағбаи Қизил-Арт дар Мурғоб ва гузаргоҳи «Қарамик» дар марзи вилояти Ӯш бо ноҳияҳои водии Рашти Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ки дутоашон мақоми дуҷониба ва сетоашон мақомои бисёрҷониба доранд.

Ба иттилои манбаъ, равуо тариқи онҳо ҳанӯз 11-уми январ пас аз сар задани муноқиша дар марз манъ гардида буд.

Дар идома манбаъ зикр кард, ки дар вохӯрии рӯзи 13-уми январи намояндагони ҳукуматҳои кишварҳо дар Ботканд Тоҷикистон ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳоро дархост намуда, ҳамчунин аз Қирғизистон рӯзҳои 24 ё 25-уми январ баргузор намудани ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар сатҳи муовинони нахутсвазир – Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитовро хоҳиш кардааст.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз як сокини деҳаи Ҳоҷӣ Аълои шаҳри Исфара ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз вазъ дар марз орому амн буда, «намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонон аҳолии маҳаллиро ба оромӣ даъват мекунанд».

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қиғизистон низ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми январ вазъ дар марз ором буда, тибқи протоколи қабулшуда дар вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 15-уми январ, комиссияи муштарак ба кор дар марз оғоз намудааст.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев рӯзи панҷшанбе изҳор намудааст, ки «то комилан ҳаллу фасл шудани масъала», марз баста боқӣ мемонад. «Айни замон тамоми гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қирғизистон ҳамоно баста боқӣ мемонанд ва ин барои таъмини амнияти шаҳрвандон зарур аст», – гуфтааст ӯ.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...