БОР дар лоиҳаҳои CASA-1000 ва Роғун иштирок намекунад


Бонки осиёгии рушд (БОР) бори навбатӣ изҳор кард, ки дар амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) иштирок нахоҳад кард.

«Мавқеи БОР дар мавриди ин лоиҳа тағйир наёфтааст ва мо амалисозии онро дастгирӣ намекунем», – зикр кард зимни брифинг намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си. Си. Ю.

Ӯ қайд кард, ки мавқеи бонк қаблан дар сатҳи баланд изҳор гардида буд. «Вақте мо мегӯем, ки лоиҳаи CASA-1000-ро дастгирӣ намекунем, ин маънои онро надорад, ки мо мухолифи ин лоиҳа ҳастем. Бонк дастгирии худро дар масоили интиқоли нерӯи барқ дар ҳудуди минтақа бо истифода аз тарҳҳои дигар бо иштироки шумори кишварҳои зиёд идома медиҳад», – иброз дошт вай.

Намояндаи БОР таъкид дошт, ки «мо ҳамчунин маҳдудияти захираҳои бонкро низ ба инобат мегирем». «Захираҳои БОР номаҳдуд нестанд ва агар ба гунаи мисол мо лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи Сарбандро дастгирӣ намоем, табиист, ки барои дастгирии лоиҳаҳои дигар захираҳои мо камӣ мекунад», – шарҳ дод Си.Си.Ю.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи БОР бар ин назар аст, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар сурати мавҷудияти маблағ дар давлатҳову созмонҳои мададрасон, ки ба амалисозии лоиҳа ҳавасаманданд, комилан имконпазир аст, «вале бидуни иштироки БОР».

Си.Си.Ю. ҳамчунин илова намуд, ки Бонки осиёгии рушд дар лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон низ иштирок намекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар баробари Бонки ҷаҳонӣ БОР низ ба сифати яке аз сармоягузорнои асосии амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дониста мешуд. БОР маблағгузории 40%-и тамоми хароҷоти лоиҳаро дар нақша дошт, аммо соли 2012 БОР аз иштирок дар чорабиниҳо оид ба масъалаи амалисозии ин лоиҳа худдорӣ варзид. Тобистони соли гузашта бошад, БОР дар мавриди иштирок накарданаш дар ин лоиҳа ба хулосаи ниҳоӣ расид.

Ба маблағгузорӣ дар лоиҳаи мазкур аллакай Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҷалби сармоягузории пурра ба ин лоиҳа ба кишвару созмонҳои мададрасони имконпазир муроҷиат кард.

Ғайр аз ин, иштироки Русия дар лоиҳа тавассути Фонди авруосиёии сармоягузорӣ низ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное